Аз раҳи такдири ту уммеди ман ғофил гузашт

Рафтию дар хотири ман чашми зебои ту монд,
Рафтию дар кунҷи холии дилам ҷои ту монд.
Аз раҳи такдири ту уммеди ман ғофил гузашт,
Дар раҳи такдири ман нақши аламҳои ту монд.
Накдҳои зиндагӣ як-як чу об аз каф бирехт,
Насяҳо чун ваъдаҳои васли фардои ту монд.
Аз саропои ту гул мерехт, то бо ман будӣ,
Он ҳама гул аз сари ман, аз саропои ту монд.
Ҳар хати ту сарнавиште буд вақтеву кунун
Дар ҷабинам хатти чин аз хатти хонои ту монд.
Ҳар таманное, ки дар дил доштам, омад ба даст,
Доғи носурам ба дил танҳо таманнои ту монд.
Рафтию дар дафтарам чун мисраи пасту баланд
Толеи пасти ману он қадди болои ту монд.
1986

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед