АЗ РӯЗГОРИ ГУЛ
Гетӣ биҳиштовр шуд аз рӯзгори гул,
Дар боғ бишкуфид рухи чун нигори гул.
Шуд зоғ чун Уторид дар боғ сӯхта,
То шуд падид ҷеҳраи хуршедвори гул.
Гул ҷома чок зад, чу бишуд наргис аз чаман,
Гӯӣ бишуд зи фурқати наргис қарори гул.
Гар хастгори бода бувад, табъи мо равост,
Зеро ки булбул аст кунун хостори гул
В-аз хона гар кунем канора, кунун сазост,
Зеро ки ҷои мо насазад ҷуз канори гул.
Дар бӯстон кунем ба дидори дӯстон,
Танҳо фидои бодаву ҷонҳо нисори гул.
Акнун ки рӯзгори ҷавонӣ ба коми мост,
Натвон гузошт, ҷуз ба тараб рӯзгори гул.
Шарҳи худро нависед