Аз сафхаи барги гулат хондам ғазалҳои дилат

Эй асли девони ғазал, шод омадӣ. шод омадӣ,
Нақди дилу ҷон дар багал шод омадӣ, шод омадӣ.
Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта,
Бар қасди сад макру ҳичл шод омадй. шод омадӣ.
Бикшодӣ зулфи пуршикан, бишкастӣ сад армони ман,
Эй кони айши бехалал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Аз сафхаи барги гулат хондам ғазалҳои дилат,
Эй шоҳкори бебадал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Дар олами шӯру мағал, дар арсаи ҷангу ҷадал,
Эй дар малоҳат бемасал. шод омади. шод омадӣ.
Дар базми гунгу кӯрҳо, дар хони талху шӯрҳо
Кандуи саршори асал. шод омадй, шод омадӣ.
Будам зи ҳастиям хиҷил, дар чоҳ монда по ба гил,
Пирӯз бар фавчи аҷал шод омадӣ, шод омадй.
Андар лабони гунчасон пайке зи умри ҷовидон
Бар касди марги бемаҳал шод омадй, шод омадй.
Бо ман даме даврон бирон, бо маи бигӯ бо ман бихон.
Эй армуюне аз азал, шод оматӣ шод омадй.
1993

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед