АЗ СИДҚИ ДИЛ
Тарсу наям, аз тарси ҷон
Дар дил маро набвад нишон,
Бовар надорӣ гар, бикун
Ҳар вақт хоҳи имтиҳон.
Аз тайи роҳи дури дур
Ҳаргиз натобам рӯйро,
Раҳ пеш играм, обу тоб
Бидҳад дили раҳпӯйро.
Мегирам аз домони абр,
Бар қуллаҳо по мениҳам,
Чун фотеҳи кӯҳи баланд
Аз қулла ово медиҳад.
Шинам ба рӯйи боли нур,
Раҳ гирам аз пуштти саҳар,
Бо чашми равшан то кунам
Бар оламу одам назар.
Об оварам, оби ҳаёт
Бо майлу бо шавқи тамом,
Сӯйи замин сӯхта,
Сӯйи замин ташником.
То манзили деқон шавад,
То мулки ободон шавад,
Пур хони бози одамон
Аз неъмати алвон шавад.
Хоҳам, ки гардам соат
Хамбоди мурғони ҳаво,
То худ биёбам огаҳӣ
Аз сӯзи сахти синаҳо.
Ҳар ҷо барад роҳам баро,
Он ҷо намеоядзиён,
Бо худ ба ҳар кӯй оварам
Суд аз барои одамон.
Шарҳи худро нависед