Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад

Чу кушой дари ман, бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад.
Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,
Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад.
То туро дар назар орам, ки хуморам шиканад.
Дичи соҳибназарам дар назарам месӯзад.
Аҷаб ин аст ки андар талаби дидорат
Бесарупояму по то ба сарам месӯзад.
Ман зи ишқи ту пас аз худ асаре хоҳаму лек
Чашми оташасараг беасарам месӯзад.
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед