Аз тирашаб баромаду дар хун нишасту рафт
Насли ҷавони мардуми ман як дарахт буд,
Аз беху бун ба вақти шукуфтан шикасту рафт.
Насли ҷавони мардуми ман як сапеда буд,
Аз тирашаб баромаду дар хун нишасту рафт.*
Наcли ҷавони мардуми ман шуста шуд ба ашк.
Гудгулкафан ба гиряи тадхи ману ту рафт.
Тобӯти чӯбие ба сари шонаи ту монд.
Эй миллате. кн насли нават рахт басту рафт…
Насли ҷавони мардуми ман як шарора буд.
Дар сангсори ҳодиса аз санг ҷасту рафт.
Насли ҷавони мардуми ман тозиёна буд,
Дар гардани кулуфти замон зад ба шасту рафт.
Наели чавони мардуми ман бо ҳазор шӯр,
Занҷири шӯравии ватанро гусасту рафт.
Насли ҷавони мардуми ман як сапеда буд ,
Аз тирашаб баромаду дар хун нишасту рафт.
Хунинлибоси насли нави мардуми маро
Мардум набурд агар, ки бимолад ба чашму рӯ.
Ман мебарам ба чашм, чу хунинлибоси хеш
То обҳои равшани фардо ба шусгушӯ.
Анҷоми соли 1992
Муаллиф: Бозор Собир