Аз ҷустуҷӯи хеш ба дунё расидаам

Аз ҷустуҷӯи хеш ба дунё расидаам,
Дар қатра ғарқ гашта, ба дарё расидаам.
То доштам муҳаббату шӯру ҷунуни дил,
Сад даштро гузашта, ба Лайло расидаам.
Боло нишаста, аз ҳама поин фитодаам,
Поин нишаста, аз ҳама боло расидаам.
Исои чормехро бас дида бенафас,
Бар умқи лофҳои Масеҳо расидаам.
Ҳарчанд буд хонаам тангу шикастафарш,
То арши ошёнаи дилҳо расидаам.
Ҳар рӯз мурдаам зи ғами зиндагони хок,
То хок гашта, боз ба фардо расидаам.
10.1.1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед