Аз замин — парвозгоҳи орзу

Осмонҳоро ба сар бардоштем,
То зи хоки тар самар бардоштем.
Қасди мо фатҳи маҳу анҷум набуд,
Одамиро то қамар бардоштам.
Аз замин — парвозгоҳи орзу —
То фалак қадри ҳунар бардоштем.
Баҳри ҳар парвозу ҳар эъҷози аср
Нусха аз хуни ҷигар бардоштсм.
Аз муҳаббат, аз садоқат бар Ватан
Тӯшаи роҳи сафар бардоштсм.
Парчами озодию озодагй
Баҳри абнои башар бардоштем.
То бувад фардои олам бехатар,
Рӯзу шаб бонги хатар бардоштем!
1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед