БА ЯҒНОБИИ ВАТАНХАРОБ

Мулки бо моҳу ба хуршед қаринам, Яғноб,
Падару модари вайронанишинам, Яғноб.
Бар алайҳи ҳама онон, ки ғаминат карданд,
Кошки рӯи туро шод бибинам, Яғноб.
Чӣ гунаҳ доштӣ, к-ингуна харобат карданд,
Дар ғами хоки ватан хоку туробат карданд,
Дур аз чашмаи куҳ чашми ту шуд чашмаи хун,
Дур аз синаи куҳ синакабобат карданд?
Кӯчи иҷборӣ бибастӣ ба суи «ободӣ»
Баҳри озодии пуч аз ватани озодӣ.
Дил ба харсанг задӣ, ҷумла куҳистон хун шуд,
Ҷон ба каф рафтию ҷони ватан аз каф додӣ.
Ҷои сарчашмаи куҳ чашмаи заҳрат доданд,
Аз чаҳи об чаҳи дарду бало бикшоданд.
Ваъдаҳошон ҳама чун ҳавзаки борон хушкид,
Боз ҳам пеши худ аз фоҷиаи ту шоданд.
Ҷоннисорони ту гӯӣ ғами ҷонат хурданд,
Гӯӣ аз тангмаконат суи паҳно бурданд.
Нашумурданд ситамҳои раводидаи хеш,
Ҳосили обилаи дасти туро бишмурданд.
Чанд гумкардазабон қасди забонат кардаанд,
Чанд нодидаҷаҳон қасди ҷаҳонат кардаанд.
Қисмати одамӣ ҳарчанд нағунҷад ба пилон1,
Ду-се «қурбоншуда» қурбони пилонат карданд.
Лек имрӯз зи мӯрии ту мепечад дуд
Мисли оҳи ту, ки печида таҳи чархи кабуд.
Чун дар оташгаҳи ту шуълаи печон дидам,
Шод гаштам, ки фурӯзанда шуда оташи суғд…
Шод гаштам, ки зи нав зиндагӣ оғоз шавад,
Мардумат мисли сари қулла сарафроз шавад.
Шод гаштам чу ҷигарбанди саодатхоҳат,
Ки дварванди2 ту бар рӯи ҷаҳон боз шавад.
Гар зи бедоди замона бизанӣ ҳар дам дод,
Мешавад хонаи аҷдодият аз нав обод.
Гӯри онон, ки чунин хонахаробат карданд,
Ҳеҷ обод мабод! Ҳеҷ обод мабод!
4.8.1989

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед