БО БАҲОРИ САБЗУ МУРҒОНИ САФЕД

Ханда мекардӣ ту дар оғуши ман
Бо ҳавасҳову ҷавониҳои хеш.
Мӯйҳоят дар бару дар дӯши ман
Мавҷ мезад чун хаёли ман пареш.

Ошёни тирае буд хонаам,
Лаҳзае пур гашт аз бӯйи баҳор.
Даштҳо гул кард дар кошонаам,
Даштҳои беғубори лолазор.

Сурате баҳре, ки дар девор буд,
Шуд раҳо аз қобу шуд амвоҷи об.
Селаи ёғу баногаҳ пар кушуд,
Аз дили дарё баромад офтоб.

Лолаҳои сурху мурғони сафед
Бо садои ханда дар павроз шуд.
Хонаам шуд хонаи ишқу умед,
Ҷони ман бо шавқу шӯр анбоз шуд.

Чини дарё дошт зулфи тобдор,
Қоматат ларзон зи мавҷи ханда буд.
Бӯйи ту, бо бӯйи дарёву баҳор
Дар ман амвоҷи шарар афканда буд.

Ханда зан, эй ҷони ман, дар хонаам
Овар аз ишқу ҷавониҳо навид.
То ҳақиқат созӣ ин афсонаам,
Бо баҳори сабзу мурғони сафед.

***

Бо ишқу орзуҳо
Ҷуфте ба шомҳангом
Дастобагардан омад
Дар зери нахли бодом.

Шуд аз канору оғӯш
Бодоми хуфта бедор.
Шаббода кард бозӣ
Бо милаҳои дилдор.

Гулҳои бӯса бишкуфт
Аз ғунчаҳои лабҳо.
Нури ситора афрӯхт
Чашми сиёҳи шабро.

Аз бӯйи ишқи инсон
Бишнида накҳати ҷон,
Ларзиду пардадар шуд,
Бодом гулбасар шуд.

…мерафт ҷуфти ҳамдил
Аз байни шаҳри хуфта ,
Сар то ба по ситора,
Сар то ба по шукуфта…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед