БА ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ

Дар ин замини меҳнат, дар ин замони меҳнат
Табрик гӯямат ман, эй қаҳрамони меҳнат!
Аз чор фасли меҳнат як панҷгӯша ахтар
Афтод рӯи сина-т чун армуғони меҳнат.
Афтод ин ситора на з-осмони боло,
Афтод ин ситора аз осмони меҳнат.
Аз одамӣ нишоне ҷуз нақши дасти ӯ нест,
Дорад ҷаҳон бақое худ аз нишони меҳнат.
Инсон фалакситон шуд бо дасти достонсоз,
Шуд достонӣ Рустам аз достони меҳнат.
Донад забони роҳат ҳар марди кор чун ту
Аз обила бихонад сабку забони меҳнат.
Ожанги рӯ бигӯяд аз нанги сурхрӯӣ,
Хушкии лаб бигӯяд аз хушкнони меҳнат.
Хоби ҳаром гӯянд, нони ҳалол худ чист,
Дарди миён бигӯяд дарди ниҳони меҳнат.
Чун ту баҳою қадри нони тамом донад
Ҳар кас, ки хурда бошад як реза нони меҳнат.
Андешааш сабук не, кораш сабуксарӣ не,
Ҳар кас кашида бошад бори гарони меҳнат.
Дунё, ки нотамом аст, инсон ҳанӯз хом аст,
То пухта гардад инсон, дунёст кони меҳнат.
Дар осмони ҳафтум ҷовид ҷо бигирад,
Ҳар кас ҷабин бисуда дар остони меҳнат.
Рӯзу шабон нахуфтӣ, бо хок роз гуфтӣ,
Будӣ қарини мардум, соҳибқирони меҳнат.
Дар зодгоҳи шахсат ҳайкал ниҳанд, аммо
Ҳайкал бишав ба халқат чун қадрдони меҳнат.
Ҳам боз умедворам дар ёди халқ монӣ
Чун қаҳрамони миллат, эй қаҳрамони меҳнат!
Аз хеш рамидае бузург аз ман нест,
Нодидаи дидае бузург аз ман нест.
Ҳарчанд ки рӯзгори афсона гузашт,
Афсонашунидае бузург аз ман нест.
Гар шарти бузургӣ аст манзилёбӣ,
Манзилнарасидае бузург аз ман нест.
Худкардааму ниҳон кунам вовайло,
Фарёдкашидае бузург аз ман нест.
Дар ҷодаи ошиқӣ ҳама пеш даванд,
Баръаксдавидае бузург аз ман нест.
Ҳарчанд ҳама зи ишқ заҳре бичашанд,
Як моргазидае бузург аз ман нест.
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯи ту бод!
Сарҳисоби зиндагиям дар сари кӯи ту бод!
Гар сазоворам, мукофоти ҷамоли ту бас аст,
Гар гунаҳкорам, ба гардан ҳалқаи мӯи ту бод!
Дилкашоли тустам дар ҳар замону ҳар макон,
То аҷал чашмам напӯшад, чашми ман сӯи ту бод!
Дар такопӯи ту худро ёфтам дар шоирӣ,
Баъд аз ин ҳам зиндагиям дар такопӯи ту бод!
Мекунам танзими байти абруят, бошад ки баъд
Ёдгори шоириям байту абрӯи ту бод!
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд,
Халқи ҷаҳон зи бахти мо масрур мешуданд.
Дар хилвате, ки мову ту ҳамроз мешудем,
Хомӯшиҳо таронаи машҳур мешуданд.
Мебуд шӯри дигаре дар ошиқӣ, агар
Дилҳои мо ба ошиқӣ ҳамшӯр мешуданд.
Онҳо, ки буд қасдашон дурии мову ту,
Эй кош, аз ҷаҳони амал дур мешуданд.
На рӯз медиҳанд, на шаб хоб, эй хушо,
Ин рӯзкӯрҳо агар шабкӯр мешуданд.
Аз ишқ мурдагон ҳама эҳё шаванд кош,
Беишқ зиндагон ҳама дар гӯр мешуданд.
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд,
Нақди умрам лаҳзаи дидор буд.
Ҳар шарори бӯса аз лабҳои ӯ
Шуълаи барқи ҷаҳони тор буд.
Ахтари мо аз сари гултеппае
Рӯнамои толеи бедор буд.
Абрҳо месӯхтанд андар уфуқ
Моҳи нав чун машъалабардор буд.
Ӯ ба рӯи сабзаҳо по мениҳод,
Хок ҳам аз ишқ миннатдор буд.
Ман диламро дода будам дар кафаш,
Хаста буд, ошуфтаву афгор буд.
Ӯ дилашро дода буд андар кафам,
Гарм буд, озурдаву ғамхор буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед