Ба дунё омадӣ

Ба дунё омадӣ, найраш и дунёро намедонй.
Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ.
Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом. Зи бас дандони тези санги дарёро намедонй.
Чу тифли сахдангоре зи гардун моҳн тобонро
Таманно дориву доги таманноро намедонӣ.
Мукофоти амал меҷӯӣ ҳар ҷое, ки по монӣ,
Вале дар ҳар қадам марги муфоҷоро намедонӣ.
Ба боло мекашӣ ҳар дам таноби муддаои хеш.
Чӣ гӯям. пастии авранги болоро намедонй.
Аламбардори миллат метарошӣ хешро ҳар бор,
Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонй…
Таҷовузкории олам ба одам будаву боқист,
Ту заҳри одамони умрфарсоро намедонӣ…
1959

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед