
БА ХАЛАЛГАРОНИ ИНШОИ ПОЙГОҲИ БАРҚИ РОҒУН
Мабод ин Роғуну дарғаш,
Ки гардад ғарқ кӯи мо, –
Ту мегуфтӣ зи ҳар минбар
Ба рӯи мо, ба сӯи мо.
Намондӣ, то қад афрозад,
Биё, ҳоли забунаш бин.
Нашуд гар ғарқи об, акнун
Биё, ғарқоби хунаш бин…
9.3.1994
Шарҳи худро нависед