БА ХИЛВАТГОҲИ ЗУЛФ

Ту медонӣ, туро манн мепарастам,
Биё, акнун бидеҳ дастат ба дастам.
Ба зулфони сиёҳат аҳд бастам,
Аҷоиб риштае омад ба дастам.
Бибин, соқӣ маро аз худ бадар сохт,
Намедонам кунун худро, ки ҳастам.
Шароби арғаваниро чашидам,
Дигар парҳезгариро шикастам.
Ту аз мастӣ мапур охир, мастам.
Ба хилватгоҳи зулфони дарозат
Шавам ман посбон, чун аҳд бастам.
Ту гуфтӣ худ ба худ Мирзо Ғафурӣ:
— Чӣ мешуд моҳие афтад ба шастам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед