Ба ин дили беқарор
Ба ин дили беқарор хори ғамат халида
Ҳамчу ту як золиме ин дил бидон надида
Ҳанӯз манам ошиқат инро бидон гарчанд
Аз теғи ошиқкушат хуни дилам чакида
Зиндагии ман бе ту ончунон дарднок аст ки
Ҳам чеҳраам пурхун ҳам ҷомаам дарида
Гарчи андар назди ту худро намоям хушвақт
Росташ аз ҳиҷрат ай ёр ҷонам ба лаб расида
Аз ишқи мо чандин сол гузаштааст лекин
Ҳастӣ чу навошиқон чу оҳуи рамида
Пинҳон намудам аз ту азоби хеш аммо
Ин нолаи дилхарош ба ту хабар кашида
Гар бигуйӣ эй Ҳабиб ин сӯ ба назди мо ой
Ба назди ту ай нигор оям ба сар давида
Шарҳи худро нависед