Ба ҷавонон

Ба худ ва ҳамсолон
Ало, эй наслҳои тозаайём,
Хитобе бар шумоён дорам имрӯз.
Аё фарзандҳои давру даврон,
Саволе дар миён бигзорам имрӯз.

Хитоби ман: бихонеду бихонед!
Улуми даврро донеду донед!
Ҳунарманду накӯкирдор бошед
Дар олам номи нек аз худ бимонед.

Саволи ман: нахонданҳо бари чист?
Магар беилму дониш метавон зист?
Аз ин оворагардиҳо чӣ суд аст?
Вале бодонишӣ амри зарурист.

Шиори зиндагимон то ки бошад,
Ҳамин як байтро донем кофист.
«Дар ин дунё агар чизе набудӣ,
Ба он дунё кирои рафтанат нест».

Агар аз Рӯдаки байте надонем,
В-агар Девони Ҳофизро нахонем.
Агар Шаҳномаро яксӯ гузорем,
Авасторо зи нав гар даргиронем.

Магар як Рӯдакии нав шуданро,
Ба олам боз моён метавонем?
Ва ё чун Хоҷа Шамсуддини Ҳофиз
Ғазалбинвисӣ аз ҷон метавонем?

Чу Фирдавсӣ тамоми умри худро,
Бари як достон мебигзаронем?
Ба ин рафтору гуфтору ба пиндор,
Магар гӯем, Зардушти замонем?

Бибояд пайрави Сино бигардем,
Агар дар дил ҳавои духтурӣ ҳаст.
Маризон аз аҷал бояд раҳонем,
Ки дунё сарбасар одаммурӣ ҳаст.

Бибояд хизмати Модар-Ватан кард.
На чун муше ба сӯрохе шавем руст.
Агар дорад Ватан як душмане хурд,
Бидарронем мо бояд аз ӯ пӯст.

Барои ҳифзи халқи хеш бояд
Чу Шерак аз тану аз ҷон гузар кард.
Ва бояд бо фаросат, чораҷӯйӣ,
Ҳаёти душманон андар хатар кард.

Ва дарси мардию мардонагиро
Бибояд аз Спитамен биёмӯхт.
Ки Искандар зи тарс аз марди суғдӣ
Чу пору андаруни хеш месӯхт.

Барои ҳифзи ин хоки ниёгон,
Бибояд гашт монанди Муқаннаъ.
Дигар бар аҷнабӣ ҳар марди тоҷик
Диҳад аз ҷону дил панди Муқаннаъ.

Барои ҳифзи ин хоки ниёгон,
Деваштичи замон бояд бигардем.
Сари худро фидо созем бо меҳр,
Чунон ӯ қаҳрамон бояд бигардем.

Ватандорӣ ҳамебояд биёмӯхт
Аз он Темурмалике, ки хуҷандист.
Аз он Темурмалике, ки дар он ҷанг
Ҳамегуфт: ойини ҳар мард мардист.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед