Ба ёди ганҷи рози ту, аё зебои кӯҳистон

Агар ёдат кунам, хуршеди пуранвор механдад,
Ба болои сарам ин гунбади даввор механдад.
Ба ёди ганҷи рози ту, аё зебои кӯҳистон,
Тамоми ганҷҳо дар синаи куҳсор механдад.
Замину осмони хотирам аз хандаат пур буд,
Замину осмон такрору нотакрор механдад.
Чи ширин хандаҳое доштӣ чун субҳи наврӯзӣ,
Ба ёди хандаҳоят дар дилам гулзор механдад.
Парастуи нигоҳатро баҳорон чун ба ёд орам,
Баҳорон бо ҳазорон ҳусну рангу бор механдад.
Чу ишқи кӯдакӣ буду чи инъоме, ки бо ёдаш
Дилам чун кӯдаки беҷурму беозор механдад.
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед