БА КАМОН ЧӢ ГУНА ХӮ ГИРАМ…

Зи рафоқати камондорон ба дили рамида ғамгинам,
Ба камон чӣ гуна хӯ гирам, ба камин чӣ гунна биншинам.
Ба камаршикастагон ҳаргиз набувад маро забардастӣ,
Ки адолат аст талқинаш, ки муҳаббат аст ойинам.
Худ агарчи гушна мемирад таги осмони безинҳор,
Зи кабӯтарону гунҷишкон накунад шикор шоҳинам.
Ба дилам чӣ мезанӣ дашна, ту ҳаме ба хуни ман ташна,
Ки даво нагашта то имрӯз асароти захми поринам.
Ба забони мардуми поён ҳама пурсише дурусту рост,
Ба забони мардуми боло ҳама посухе дурӯғинам.
Агар аз тариқӣ қаҷгардӣ шуда ҳамнишини шаҳ фарзин,
Набувад ҳавои шоҳонам, набувад хисоли фарзинам.
Саярони боди нарӯзӣ зи чаман наоварад бӯе,
Ба баҳор ғунча хас гардад, чӣ кунам ба табъи гулчинам.
Дили содаро диҳам таскин ба ҷаҳон агарчи медонам,
Бирасад замони рангинам, наравад ғамони деринам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед