Ба кӯйи мо гузар кун
Эй шом, ба кӯйи мо гузар кун!
Эй субҳ, ба ҳоли мо назар кун!
Дар зулмати шаб танам бифарсуд,
Ё Раб, шаби зулматам саҳар кун!
Эй боди сабо, бигӯ ба ёрам,
Бар куштаи хештан гузар кун!
Гар кушта шудам ба доғи ҳаҷрат,
Худро бари теғи ӯ сипар кун!
Аз зулфи камонкашаш бипарҳез,
В-аз новаки ғамзааш ҳазар кун!
Эй дил, чу намерасӣ ба мақсуд,
Дам даркашу қисса мухтасар кун!
Ҳофиз, агарат ҳавои васл аст.
Бархез зи ҷову тарки сар кун!
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед