Ба маҷлисҳову минбарҳо бигӯянд

Бақор омад, баҳори ман наёмад,
Гуле аз гулузори ман наёмал.
На овое, на савғое, на бахше
Зи ишқи бебарори ман наёмад.
Сарам қурбони меқри модарон буд,
Дилам подоши васли дилбарон буд,
Сабук будам аз он дар зиндагонй,
Ки бори зиндагӣ бар ман гарон буд.
Ба рақс о, то ки андӯҳам сарояд,
Ба шӯр о, то ки шӯри дил физояд,
Бидеқ ҷоми ғаниматро, аҷаб нест,
Ки то ҷоми дигар ҷонам барояд.
Шигифто, ҷоҳилон оқилтарошанд,
Ки бар чашми ҳақиқат хок пошанд.
Харошиданд бас рӯи Заминро,
Кунун хоҳанд рӯи Маҳ харошанд.
Давоми зиндагӣ будему рафтем,
Паёми зиндагӣ будему рафтем.
Шудем озод гарчи аз ғуломӣ,
Ғуломи зиндагӣ будему рафтем.
Салом, эй гул, салом. эй гулшани ман,
Ҳама бори гамат бар гардани ман.
Маро нашнохтӣ, то зинда будам,
Шиносӣ хуб баъди мурдани ман
Шигифто, раҳнамоён кӯри роҳанд,
Зи кина равнақи моро нахоҳанд.
Ба зоҳир дилсафеданду хирадманд
Ба ботин мӯсафеди дилсиёҳанд. 
Биё, ки навбати май хӯрдани мост,
Замони зиндагонӣ кардани мост.
Чӣ бок аз гардиши гардун, ки имрӯз
Худ ӯ бечора бори I ардани мост.
Яке ғамхору дигар хор гардад,
Яке безору дигар зор гардад.
Баланду пасти ин дунё, бародар,
Чу май хурдӣ, ҳама ҳамвор гардад.
Ҳама умрам ба ғамҳои ту бигзашт,
Ба савдою аламҳои ту бигзашт.
Туро пайдо накардам, лек умрам
Паёпай бо қадамҳои ту бигзашт.
Чаро ин қадр, мардум, шаклбозед?
Чаро побанди тарсу ҳирсу озед?
Чарб охир, чаро чун хиштқолаб
Ба дарё соҳили маснӯъ созед?
Ҷаҳон моро мудом овора дорад,
Дусад тобут дар гаҳвора дорад.
Мафахр аз ҳар нишони рӯи сина,
Ки ҳар сина дили садпора дорад.
Ба ҳар ҷое бади моро бигӯянд.
Ба маҷлисҳову минбарҳо бигӯянд.
Ба ҷои он ҳама буҳтону туҳмат
Чи хуш, гар мисрае чун мо бигӯянд!
Диле дорӣ, валекин дилбаре нест,
Г уле дорй, вале гу лпарваре нест.
Чи сах1 он дам. ки аз заъфи асабҳо
Ьихоҳй бо.щю ҳамсогаре нест.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед