Ба мастиҳо нафаҳмидем

Дили мо ҳамчу кони нокушода,
Сари мо дар раҳи савдо фитода.
Тани моро талоши зиндагонӣ
Миёни кӯраи оташ ниҳода.
Диле гар ҳаст, умеди дилбаре ҳаст,
Саре гар ҳаст, умеди сарваре ҳаст.
Гузашт имрӯзу парвое надорем,
Дили мо пур, ки рӯзи дигаре ҳаст.
Зи кибру мастиву маӣхонашинӣ
Заминро гоҳ зери по набинӣ.
Замин гоҳо аз он ларзад, ки гӯяд:
Ғанимат дон, ки дар рӯи заминӣ.
Ту боре дардилат исён надида,
Талотумҳои рӯҳу ҷон надида.
Ба рӯи санг рустам ман, вале ту
Гули гулдонию борон надида.
Яке берӯю дар чархи барин аст,
Дигар рӯсурх дар зери замин аст.
Чу рӯзе баркашӣ суду зиёнро,
Басо болонишин поиннишин аст.
Яке гӯру дигар кон меканад боз,
Яке девори зиндон меканад боз.
Яке дил меканад аз ишқи ёре,
Яке чаҳ, дигаре ҷон меканад боз.
Ба ҳар роҳе, ки рафтам, санг дидам,
Ба рӯи ҳар касе ожанг дидам.
Дар абрӯи касе ки рахнавард аст,
Нишони раҳ — ғубору чанг дидам. 
Ало, дилошною дилбари ман,
Ду-се рӯзе парастори сари ман,
Чунон дар ишқи ту сӯзам, ки бошад
Аз оташ гармтар хокистари ман.
Муҳаббат масдари рушду камол аст,
Раҳи паймон на роҳи қилуқол аст.
Агар дар ишқ банди дил насӯзад,
Кушоди банди мушкилҳо муҳол аст.
Фитад аз осмон ахтар, наёбӣ,
Ҷавонӣ бигзарад, дигар наёбй.
Бинеҳ сар бар сари зонуи ёре,
Ки умрат чун басар шуд, сар наёбй.
Дили ошиқ зи ҳаҷри маҳваше сӯхт,
Дили шоир паи байти хуше сӯхт.
Ҳама сӯзанд андар оташе, лек
Дили ман дар ғами беоташӣ сӯхт.
Хуш аст он к-ӯ ками худро физояд,
Ғамеро бо ғами дигар зудояд.
Сано бодо ба он марде, ки ҳар рӯз
Худ аз худ дар дилаш дунё кушояд.
Шабу рӯзони бисёре гузашта,
Басо обе зи ҷӯборе гузашта.
Ба мастиҳо нафаҳмидем, афсӯс,
Ки қадри хубии ёре гузашта.
Биё, то хирмани мӯят бубинам.
Биё, пайванди абрӯят бубинам.
Ду-се рӯзе биё, то зиндаам ман,
Ки дар рӯи замин рӯят бубинам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед