БА МИЛИСАИ РАҲБОН
Ту – раҳбон, нозири раҳҳои мошин,
Чу чашмат нест чашмоне ҳамабин,
Дуоят мекунам, аз осмонҳо
Ба китфонат ситора резад, омин!
Гаҳе сархуш, гаҳе ошуфта оям
Ман аз раҳҳои асливу маҷозӣ.
Манам як шоири тӯфонзамире,
Маро аммо ту як шофир шиносӣ.
Сари фармону дар фармони вақтам,
Сар аз фармон-т берун, меравам пеш.
Ту дар як пос меистӣ, вале ман
Ба ҷовидон шитобонам, биандеш!
Аломатҳои раҳро хуб донӣ,
Намедонӣ аломатҳои дилро.
Фалокатҳои раҳ? Боре биёмӯз
Фалокатҳо, маломатҳои дилро.
Шабе меомадам аз маҳфили дил,
Шабе меомадам аз кишвари ишқ,
Шабе меомадам аз кӯчаи роз,
Шабе меомадам аз маҳшари ишқ,
Маро истондиву пурсидӣ: Ҳуҷҷат!
Надорад ҳуҷҷате ҷуз шеър шоир.
Надонистӣ, нахоҳӣ низ донист,
Ки мо ҳам нозири роҳем охир.
Туӣ гар нозири расми раҳурӯ,
Бузургон нозири таҳрики вақтанд.
Чу рӯзе бо бадӣ бигзашт – бадбахт,
Ба некӣ бигзарад – фирӯзбахтанд.
Надонистӣ, ки мо ҳам раҳшиносем,
Надонистӣ, ки мо ҳам роҳбонем.
Аз ин раҳҳо кӣ бигзашту куҷо рафт,
Ва ё кӣ пешпо хурдаст, донем.
Надонистӣ, ки мо ҳар ду аз ин роҳ
Паёпай бигзарем… Аллоҳу акбар!
Ту сӯи хокдон, ман шеър дар лаб
Ба мулки ҷовидон… Рафтам, бародар!
* * *
Эй насими биҳиштии дарё!
Дар дили ман қарор кун боре.
Ё ту ҳам чун мани шитобзада
Зиндагиро шитоб пиндорӣ?
Сангҳо хомушанд дар соҳил,
Оби дарё чу ман шитобон аст.
Ҳар чӣ бигзашт, бозпас н-ояд,
Ин ҳақиқат ба гуфтан осон аст…
Ҳар чӣ ёбӣ, зи даст хоҳад рафт,
Зиндагиро руҷӯи вопас нест.
Ҳар чӣ дар даст дорӣ нақд имрӯз,
Қадрдониш кори ҳар кас нест.
Мо ҳама меравему ин дарё
Солиён боз ҷорӣ хоҳад буд.
Беқарорист расми ин дунё,
Боз ҳам беқарорӣ хоҳад буд.
Дар лаби об бо лаби хомӯш
Худ ба худ рози даҳр мегӯям.
Эй насими биҳиштии дарё,
Ман чӣ гум кардаму чӣ меҷӯям?..
1982