БА МОДАРАМ
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ…
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!
Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ. зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондй ба зери (эолиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак…
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Ас модар, аё модар!
Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Бисбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Ма гарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!
Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ,
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта — рафтагонагро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.
Кунун имрӯз фарзандат — ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!
Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар. аё модар!
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту.
Аё модар, аё модар!
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман.
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
6.12.1964
* * *
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитьа-қитьа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар такдим карданд,
Вале як рӯз донистанд замин қисмат нахоҳад шуд.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Мисли дили ту,
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон,
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар 10.5.1966
Ту монанди замин яктоӣ,