Ба ними ҷонашон ҷонон биҷӯянд

Яки мову сади мо бигзарад боз,
Ҳама неку бади мо бигзарад боз.
Замоне ҳаққи навбат буд моро,
Замоне навбати мо бигзарад боз.
Яке гӯяд. ки беҳад содаам ман,
Яке гӯяд, ки ошиқбодаам ман.
Намедонанд аммо бадгумонон,
Ки шоирпешаву дилдодаам ман.
Дилам шоду дилам ношод бошад,
Дилам аз рукни шеър обод бошад.
Ҳама абёти ман аз умри кӯтаҳ
Шуморо, эй азизон ёд бошад.
Зи хуни гарми мо фаввора созед,
Зи барқи чашми мо истора созед.
Агар мирем, дорем орзуе,
Ки аз тобути мо гаҳвора созед.
Барои халқ буд доне, ки киштем,
Барои халқ буд, к-аз худ гузаштем.
Накардем иддаои баркамолӣ,
Сухан аз халқ буду мо навиштем.
Манам дасти ба дастат норасида,
Манам чашме, ки рӯятро надида.
Миёни мову ту якумра роҳ аст,
Манам шому ту субхи навдамида.
Ба ҳар ҷо ном мондам, ном афтод,
Зи хар ҷо пухта ҷустам, хом афтод.
Зи роҳатхонаи дурӯзаи умр
Дареро блз кардам- бом афтод. 
Шаби чашни ту мотам доштам ман
Зи оҳу дард ҳамдам дошгам ман.
Чу маҷнунбед аз андӯҳи Лайлй
Ба хоки рах сари хам доштам ман.
Маро номухтарам дидӣ, гули ман,
Диламро пуралам дидӣ. гули ман.
Маро бисёр дидӣ пеши роҳат,
Вале бо чашми кам дидӣ, гули ман.
Муҳаббат бар сари мо мотам овард,
Ба ҷони мо гам оварду гам овард.
Қади мо навниҳоле буду афсӯс,
Ки аз бори маломатҳо хам овард.
Маро аз ишқи тӯфонӣ матарсон.
Маро аз ҳар чӣ медонӣ, матарсон.
Ман аввал мурдаам аз меҳнати ишқ,
Маро аз мурдани сонӣ матарсон.
Дар ин дунё ягон кас ҷовидон нест,
Сутуни гунбади кавну макон нест.
Ҷаҳон баҳри ҳама бошад, валекин
Ҳама андар ҷаҳон баҳри ҷаҳон нест.
Аёни ман ниҳон хоҳад шуд охир,
Ҷаҳонам аз ҷаҳон хоҳад шуд охир.
Бихонам сафҳаи барги хазонро:
Сари сабзам хазон хоҳад шуд охир.
Ҳунаршон несту майдон биҷӯянд,
Ба ними ҷонашон ҷонон биҷӯянд.
Ман аз ин норасоён дар шигифтам,
Ки бе дарвозае царбон биҷуянд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед