Ба он ҳусни паямбарофаринат
Диламро мехурад хар дам гами ишк,
Дамс беҳамдамам созал дами ишқ.
Нзмедонист олам аз вуҷудам
Намсбудам агар дар олами ишқ.
Чй гӯям. дафтарам холист имшаО,
Ҳдма бому ларам холист имшаб
Дилам хо.тй. сарам холист имшаб,
Ки ҷои дилбарам хотист имшаб
Басе бигзаштаам баҳру бари дил,
Гаравгон дода сар бахри сари дил.
Вале бо ин хама дородилиям
Гадой кардаам пушти дари дил.
Зи ҳусни туст ҳусни орзуям,
Ба кӯи туст роҳи ҷустуҷӯям
Агар пурсандахо фардо бипурсанд
Ба ҷои номи худ номи ту гӯям.
Зи ишки хонуме бехону монам.
Агарчи дар замонам, бсзамонам.
Замину осмонам буд вақте,
Дарего, безамину осмонам.
Маро язс ишк сдд дуие бубахшдд
Маро як чом сал дарй бубахшад.
Зи сар го по гунахкорам гар имрӯз,
Гунаҳҳои маро фардо бубахшад.
Гачс шр худ кабиоам. гах сагирдм
I ахе худро ажирам, сах асирвм
Маро то он ки аз дунб бара.1 маргг
Ман анлар худ. ман аилар худ бимирдм
Ту будӣ як замон дар синаи ман,
Зи кулли насяҳо нақдинаи ман
Шиносам то дили худрову худро
Ту будӣ рӯ ба рӯ оинаи ман.
Дилам оҳанги мастӣ дорад имшаб,
Ки нақди ганҷи ҳасгй дорад имшаб.
Дилам аз сина беру н мегу резад,
Ки қасди дилпарасгй дорад имшаб.
Ту, эй шеъри равони ман, куҷоӣ?
Ту, эй тобу тавони ман, куҷой?
Маро пирӣ ба чанги худ ғирифтаст,
Ту, эй ёри ҷавони ман, кучой?
Ду чашмаш чун шафақ сӯям нигаҳ кард,
Мани беҷурмро ғарқи гунаҳ кард.
Наменолам ман аз чархи сияҳкор,
Сафедандомаке рӯзам сияҳ кард.
Дуоят меку нам: фархунда бошй,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошй.
Ба он ҳусни паямбарофаринат
Маро куштй, илоҳй зинда бошӣ!
Намехоҳам, ки аз кулфат бимирам,
Ва ё аз роҳати улфат бимирам.
Чу аз хуршеди рӯят сӯхтам ман,
Биё, дар сояи зулфат бимирам.
Нагӯсд ӯ чавон буду ҷавон мурд,
Ва ё аз ҷаври чархи осмон му рд
Ба санги гӯрн ман, ёрон, нависед,
Ки Лсик лоики шеъри замон мурд.