Баҳор
Сано гуфтанду бо ман бода хурданд,
Ба пеши пои ман сад бор мурданд.
Маро дар ман ҳазорон бор куштанд,
Сано гуфтанду бар хокам супурданд.
Баҳор омад, баҳори ман наёмад,
Паёме дар забон савсан наёмад.
Ба мотампурсии боғи дили ман
Наме аз абри астарван наёмад.
Зи имон дам занад, имон надорад,
Зи виҷдон дам занад, виҷдон надорад.
Ҷаҳон пур шуд зи устоди бузурге,
Ки як шогирди абҷадхон надорад.
Аҷаб мардум, ки ҳамроди манастанд,
Ба даври номи ман пироя бастанд.
Маро парвоз омухтанд бо меҳр,
Чу парвозӣ шудам, болам шикастанд.
На ойина, на оин офариданд,
На парвона, на Парвин офариданд.
Ба ҳар ҷо Рахши Рустам буд, хурданд,
Ба ёбу наъли заррин офариданд.
Мазори ман , туӣ гаҳвораи ман,
Паноҳи ин дили садпораи ман.
Зи ҳар девору сархорат намояд
Нишони модари бечораи ман