Баҳор
Дилам ҷуз васли ту коме надорад,
Агарчи аз ту пайғомс надорад.
Дилором аст номи ту, валекин
Дилам аз ишқат ороме надорад.
Канорат беканор аст, эй сабуксанг,
Гамат беғамгусор аст, эй сабуксанг.
Хазонатро намедонам, валекин
Баҳорат бсбаҳор аст. эй сабуксанг.
Биё. дар раҳгузори ту бимирам,
Чу рӯзи рӯзгори ту бимирам.
Дар ин дарёи нопайдоканора
Биё. то дар кэнори ту бимирам.
Ман инсону ту хосон меписандӣ,
Ман исёну ту осон меписандӣ.
Миёни ҷони мо курбат чӣ ҷӯӣ,
Ки ман ҷону ту марҷон меписандй.
Ман аз ин ишқи бесомон бимирам
Ман аз ин шавқи нофармон бимирам.
Зи хоки гӯри ман оташ бирӯяд,
Чу рӯзе бо дили сӯзон бимирам
Маро дар рӯи дунё манзиле буд,
Маро аз кишти дунё хосиле буд.
Ба дарё мезанам дил, то бидонад,
Ки андар сохилаш дарёдиле буд.
Ду дӯшиза сафои рӯхи ман буд,
Ду дӯшиза балои ҷону тан буд;
Яке дӯшизаи ширинсухан буд,
Яке дӯшизаи шеъру сухан буд.
Аҷап сад бор бигрифт аз гулӯям,
Вале ман боз ҳам ёри сабӯям,
Надидӣ нуҳ фалакро дар дили ман,
Чӣ гӯям, эй фалак, бо ту чӣ гӯям?!!
Ба дил сад созу сӯзе боядам рафт,
Ба доғи дилфурӯзе боядам рафт.
Дилам метаркад аз андӯҳи сангин,
Чу андешам, ки рӯзе боядам рафт.
Дили ман шиква аз даврон надорад,
Гила аз чархи саргардон надорад.
Раҳи ман ним шуд, аммо хушам ман
Ки поёни раҳам поён надорад.
Муҳаббат! Е маро, ғарқи гунаҳ дор
Ва ё аз макри номардон панаҳ дор!
Агар хоҳӣ чу инсон зинда бошам,
Маро чун шоири ошиқ нигаҳ дор!
Мабодо соати дил кандани ёр,
Мабодо дил ба санг афкандани ёр.
Муҳаммад кард агар меъроҷи гардун,
Бувад меъроҷи ман то ғардани ёр.
Баҳоре, дар ҷаҳони рангу бӯе
Шавӣ сармаст беҷому сабӯе,
Чи нақши сабзу бахти сабз бошад
Ба рӯи сабза бо сабзинарӯе.
Ба қасди ин ҳама осонгузорон
Туӣ бар ман барои сабза борон.
Сари сабзам фидои ҳусни сабзат,
Ало, сар то қадам асли баҳорон!