Баҳорамро куҷо бурдӣ гули ман

Ағар аз машриқи ваҳдат натобӣ.
Бидон ки боз аҳли хурду хобӣ.
Чунин бегонапарвар гар бибошӣ,
Ту асли хешро ҳаргиз наёбӣ.
Надонӣ гавҳари иқбол худ чист,
Фарозу шеби истиқбол худ чист,
Туро доданд истиқлол ногаҳ,
Надонӣ ҳарфи истиқлол худ чист?
Ба худ худро надида мисли мо нест,
Ба мақсад норасида мисли мо нест,
Ҳазорон сол бишнида насиҳат,
Насиҳатношунида мисли мо нест.
Яке гӯяд: зи Хатлонам, туро чӣ?
Дигар: ман аз Бадахшонам туро чӣ?
Дареғо, нест марде, ки бигӯяд
Ман инсонам, ман инсонам, туро чӣ?
Дареғи фарри деринат, ватандор,
Дареғи тоҷи зарринат, ватандор.
Аҷал меофаринӣ бар худи худ,
Бадо бар дину ойинат, ватандор!
Ягон дунёситон дунё нагирад,
Агар аз домани дилҳо нагирад.
Агар дарёи умри ман бихушкад,
Ягон дарё паи онро нагирад.
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар.
Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ,
Агар худро шиносй. боз беҳтар.
Чӣ бошад баҳри ҷонон дил супурдан,
Ба ёри ҷонбачон ҷон туҳфа бурдан?
Бигир аз ман ту уқёнусҳоро,
Бирез як қатра обам вақти мурдан!
Ба ҷонам сӯзи нав-нав афканӣ ту
Гаҳе созию гоҳе бишканӣ ту.
Дили ман оташу ишқи ту оташ,
Ба оташхона оташ мезанӣ ту.
Ман он риндам, ки дунё дилбарам буд,
Диламро хӯрд, аммо дар барам буд.
Замину осмоне ман наҷустам,
Замину осмон дар соғарам буд.
Баҳорамро куҷо бурдӣ гули ман?
Мадорамро куҷо бурдӣ гули ман?
Маро куштӣ ту андар синаи худ,
Мазорамро куҷо кардӣ гули ман?
Ҳамин танҳо на аз минбар бияфтӣ,
Зи базми бодаю соғар бияфтӣ.
Самандат буд агар гардунсаворе,
Чу фармонат расад, аз хар бияфтӣ.
Чӣ мепурсӣ: чӣ шӯре офариданд?
Ҳазорон чоҳу гӯре офариданд.
Ба қавми кӯрдил дар кӯрароҳе
Асокашҳои кӯре офариданд.
Ба теғи пул сари гулро буриданд,
Забони булбул аз комаш кашиданл
Ба ҷои чаҳчаҳи булбул ту дидӣ?
Даҳони каҳ-қаҳи тир офариданд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед