Ба ошёни равшани хаёлҳо, висолҳо

Маро ҳисоби зиндагй ба ҳар ҳисоб мскашад,
Миёни обу оташам ба обутоб мекашад.
Ба ошёни равшани хаёлҳо, висолҳо
Нахуст бор медиҳад. сипас қиҷоб мекашад.
Даруни сояравшани гуноҳҳо, савобҳо
Ба соя мекушад, сипас ба офтоб мекашад.
Гаҳе ба бӯи насяам зи накд дур мекунад,
Гаҳе зи бахти накдаам ба рахти хоб мекашад.
Даруни қоб мекашад, агар никоби ӯ кашам,
Чу рӯш диданӣ шавам, ба рӯ ниқоб мекашад.
Кашокаш аст ин ҷаҳон, зи ташнагии рӯҳу ҷон
Дилам шароб мекашад, сарам азоб мекашад.
Зи неку бад. зи дому дад дили ситезакори ман
Гаҳ иҷтиноб мекашад, гах инқилоб мекашад.
Кашанд кола ину он, валек шоири фақир
Ба боргоҳи ҷовидон фақат китоб мекашад.
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед