Баҳри ту ғазал хондам як ҳиҷо нафаҳмидӣ

Эй сари ҳама сарсон, маншаи мағал аз туст,
Шеъри бебадал аз ман, тири бебадал аз туст.
Баҳри ту ғазал хондам, як ҳиҷо нафаҳмидӣ,
Дафтари ғазал аз ман, дафтари амал аз туст.
Реша дар замон дорам, реша дар гумон дорӣ,
Бурҷи ҷовидон аз ман, кунҷи мубтазал аз туст.
Ман алайҳи сахтиҳо нарму содадил будам,
Кандуи асал аз ман, кундаи дағал аз туст.
Раҳрави раҳи хешам, бо шабу маҳи хешам,
Меҳри бехалал аз ман, муҳри пурхалал аз туст.
Эй ки меҳвари дунё хонӣ деҳаки худро,
Шуҳрати маҳал аз ман, бонги бемаҳал аз туст.
Нокаси шикамбора, нобакори садкора,
Достони вақт аз ман, дастаи матал аз туст…
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед