Ба ёд омад

Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,

Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.

Аз ман акнун тамаъи сабру дилу хуш мадор,

К-он таҷаммул, ки ту дидӣ, хама бар бод омад.

Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд,

Мавсими ошиқиву кор ба бунёд омад.

Буйи беҳбуд зи авзои ҷахон мешунавам,

Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.

Эн арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамо,

Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.

Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,

Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад.

Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,

Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.

Мутриб,аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,

То бигӯям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед