Ба ёди Падар

Хуни дилам рехти падар аз дидаи гирёни ман,
Бар ҷойи об мечакад хун аз сари миҷгони ман.
Бо ёди номат зиндаам доим ба хобам дидаам,
Аммо чи созам ей падар дарди дилу дармони ман.
Бо худ намеоям дигар дар гиру дори бандагӣ,
Чашмам ба роҳат интизор ей қулаи кӯҳсори ман.
Вақто буди бемор падар чашмат ҳама бар суи дар,
Роҳи маро ту интизор ей дафтару ашъори ман.
Ёдат ҳаме созад падар ин ҳамзаи шуридасар,
Танҳо ту ҳасти қиблагоҳ ҳам қудрату дунёи ман.
Телефони муаллиф: 89397506101

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед