Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо
Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Басо шеъри тари дунё бувад андар лаби дарё,
Ало, шеъри тари дарё. маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Агар лак-лак дили покем, як-як дар дили хокем,
Ало, фарши зи арш авло, маро ту зинда хоҳй дошт
Дилам рӯзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи с> хансоз аст.
Ало. пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳй донп
Ало. Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
1987

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед