БА ДӮСТАМ ДӮСТ

Сӯзи пинҳону қасди олият
Дар дил асту фақат худат донӣ.
Гарчи дар дарс пешсаф ҳастӣ
Дар фани ишқ лек ҳайронӣ.
Арзи ишқат ба гӯши ҷонон рафт
Лек аз ӯ ҷавоби рад омад.
Дод озору азиятат афзун
Пеши роҳат фарозу сад омад.
Ғам махур, ғам махур, бародарҷон,
Каҷназар духтаре гарат ранҷонд.
Ғам махур, ғам махур, бародарҷон,
Аз шикасти муҳаббати ҷӯшон.
Ишқи некат надид подоше
Гарчи аз он нигори кӯтаҳмӯ,
Гар нагаштӣ писанди он каҷдил
Номи ӯро зи лавҳи хотир шӯ.
Баъд аз ин чашми кабуди онро
Пеши чашми сиёҳ қурбон кун.
Тори мӯи сиёҳи ҷононро
Боиси фахри насли инсон кун.
Гарчи ҳоло чу нахли бозорӣ
Як ду-се рӯз берун аз хокӣ.
Гарчи ҳоло чу лафзи бетаъсир
Дар забонӣ, на дар дили покӣ.
Орзуям, ки ҷой меёбӣ
Дар замин, дар замини шодобе.
Дар дили як нигори рахшонрӯ
Дар дили як бути баодобе.
Бод эй дӯст, он дили софат
Хонаи ишқу меҳри сӯзоне.
Интизорам ба меваи ширин
Интизорам ба шеъри ҳассоне!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед