БА РУХИ ПОКИ ВАТАН ДИЛБАНДАМ

Ман ба ин хоки Ватан дилбандам,

Ба рухи поки Ватан дилбандам,

Ба ҳамин рӯз, ки ин дам дорам,

Сари таъзим фурӯ меорам.

Дар замири дили пуранворам,

Донаи меҳру вафо мекорам.

Назар афканда ба ҳар фарзандам,

Ба рухи поки Ватан дилбандам.

Ҳар ниҳол арчи замин бошад сахт,

Баъди даҳ сол шавад нағз дарахт.

То дамад шаъшааи субҳи бахт,

Хоҳу нохоҳ ба вай лозим вақт.

Дида гулзори шакарпайвандам,

Ман ба ин хоки Ватан дилбандам.

Дар баҳорон, ки аҷаб гулбезанд,

Абрҳо донаи гавҳар резанд,

Сабзаҳо мавҷзанон бахезанд,

Токҳо ҳалқа ба гӯш овезанд,

Ман аз ин ҳусни расо хурсандам.

Ба рухи поки Ватан дилбандам.

Аввалин дафъа дилам чун битапид,

Хуни нофам ба ҳамин хок чакид,

Чашмаи ишқам аз ин хок дамид,

Сарам аз фахр ба хуршед расид.

Хоҳ ман гиряму хоҳе хандам,

Ба  ҳамин хоки Ватан дилбандам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед