БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ…

Ҷавоб ба ҳасудони Рӯдакӣ, хосса ба шоири ҳасуд
Абӯзироа, ки дар мазаммати устод фармудааст:
Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсолам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.
Агар ба кӯрии чашмӯ биёфт гетиро,
Зи баури гетӣ ман кӯр буд натвонам.
Ҳазоряк з-он, к- ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
Шумо, эй худбаҳоёни муғамбир,
Шумо, савдогарони шеъру оҳанг,
Шумо, эй нотавонбинони каҷдил,
Шумо, ҳаннотҳои илму фарҳанг.
Шумо вомондагони роҳи эҷод,
Ҳама гандумнамои ҷавфурӯшед.
Чунон дар ҳарфбофӣ гашта устод,
Ки ҳарфи куҳнаро чун нав фурӯшед.
Зи минбар аз сари ҷаҳли мураккаб
Миси худро ҳама зар мешуморед.
Ҳама хокистари хомӯши худро
Миёни дош чун оташ гузоред. 
Ҳама он туҳмату буҳтону кина,
Ҳама он айбҷӯитон зи кӯрист.
Далерии шумо аз тарси ҷон аст,
Ҷасурии шумо бад аз ҳасурист.
Шумо дар хонаи худ марди майдон,
Шумо дар маҷлиси май ҳақпарастед.
Вале гоҳе, ки бар минбар бароед,
Ҳақиру оҷизу тарсую пастед!
Агар шоир бувад чашми замона,
Шумо кӯред, кӯри беасоед!
Агар шоир бувад фарзанди айём,
Шумо ё нохалаф, ё носазоед!
Агар шоир бувад ойинаи давр,
Шумо ойинаи садпора ҳастед!
Агар шоир бувад сарбози миллат,
Шумо бекораю бечора ҳастед!
Шумо аз ними ҷону ними нони хеш метарсед,
Шумо аз зиндагию аз ҳақиқат беш метарсед.
Шумо на қобили разме, шумо на лоиқи базмед.
Шумо савдоии шеъред? Қаҳ! Қа-а-аҳ!
Шумо савдогари назмед!!!
1.12.1973

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед