БАД-ИН ТОЗАГӣ БАҲОР
Бад-ин хуррамӣ ҷаҳон, бад-ин тозагӣ баҳор,
Бад-ин равшанӣ шароб, бад-ин накӯй нигор.
Яке чун биҳишти анд, яке чун ҳавои дӯст ,
Яке чун гулоби Балх, яке чун бути Баҳор.
Замин аз сиришки абр, ҳаво аз насими гул,
Дарахт аз ҷамоли барг, сари кӯҳ зии лолазор.
Яке чун паранди сабз,, яке чун абири хуш,
Яке чун арӯси хуб, яке чун рухони ёр.
Тазарви ақиқрӯй, куланги сапедрух,
Гавазни сиёҳчам, паланги ситезакор.
Яке раста аз нуҳуфт, як ҷаста аз ҳисор,
Зи булбул суруди хуш, зи сулсур навои нағз,
Зи сорӣ ҳадиси хуб, зи қумрӣ хурӯши зор,
Яке бар канори гул, яке дар миёни бед,
Яке зери шохи сарв, яке бар сари чанор.
Ҳаво хуррам аз насим, замин хуррам аз либос,
Ҷаҳон хуррам аз ҷамол, малик хуррам аз шикор.
Яке мушк дар даҳон, яке ҳулла бар катаф,
Яке орзу ба даст, яке дӯст дар канор…