БАДИ САБО ДАРОМАД, ФИРДАВС ГАШТ САҲРО

Боди сабо даромад, фирдавс гашт саҳро,
Орост бӯстонро найсон ба фарши дебо.
Нору ба норван-бар сорӣ бар настаран-бар,
Қумрӣ ба норван-бар бардонштанд ово.
Кӯҳсор чун зумуррад нуқта зада зи маснад,
Дар наъти ӯ мушаъбид ҳайрон шудасту шайдо.
Абр омад аз биёбон чун тайласони рӯҳбон,
Барқ аз миён-ш тобон Шохи бед сабз гашта рӯзи бод,
Оҳу ҳаме тарозад, гардун ҳаме фарозад,
Гах сӯйи кӯх тозад, гаҳ сӯйи боғу саҳро.
Боғ аз ҳарир хула бар гул занад муҷаллол,
Монанди сабз кулла бар тагягоҳи Доро.
Чун пеш тахи Юсуф рухсораи Зулайхо.
Гул боз кард дида, борон ба он чакида
Чун хун фурӯ давида бар орази чу дебо.
Сурху сияҳ шақоик ҳам зидду ҳам мувофиқ
Чун мӯъмину мунофиқ пинҳони ошкоро.
Савсан латифу мушкин чун хушаҳои Парвин,
Шоху ситоки насрин чун бурчиСавру Ҷавзо…
Ёқутвор лола, бар барти лола жола,
Карда бад-ӯ ҳавола ғаввос дури дарё…
Олам биҳишт гашта, анбарсириш гашта,
Кӯҳпора дашт гашта, карданишот боло.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед