Баҳор Омад

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висолу ғунчаи хандон ғанимат аст.
Бо қомати хамида равам сӯйи бӯстон,
Наззораи бунафшаю райҳон ғанимат аст.
Эй боғбон, зи боғ ба берун чӣ меравӣ?
Будан ба пойи сарвхиромон ғанимат аст.
Эй ғунча, сар зи ҷайб ба девонагӣ барор,
Якчанд рӯз чоки гиребон ғанимат аст.
Паҳлуи худ зи боғи чаман бар намекашам,
Чун соя хоб зери дарахтон ғанимат аст.
Эй Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,
Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед