БАҲОР

Сайра гулзорре, ки, ё раб, дар назар дорад баҳор,
Аз паси тофус доман дар камар дорад баҳор.
Шабнами моро ба ҳайрат об мебояд шудан,
К-аз дил ҳар зарра тӯфони дигар дорад баҳор…
Ҷилва то дидӣ, ниҳон шуд, ранг то дидӣ, шикаст,
Фусати арзи тамошо ин қада дорад баҳор.
Маҳрами набзии раму ороми мо ишқ асту бас,
Аз раги гул то хати сунбулбл хабар дорад баҳор.
Эй хирад, чу бӯйи гул дигар суроғи мо магир,
Дар чумун сар дод моро, то чи сар дорад баҳор?
Сайри ин гулшан ғанимат дон, ки фурсат беш нест,
Дар тилсими хандайи гул болу пар дорад баҳор.
Бӯйи гул умрест хунолудайи ранг асту бас,
Новаке аз оҳи булбул дар ҷигар дорад баҳор.
Лола доғу гул гиребончоку булбул навҳагар.
Ғайри ибрат з-ин чаман дигар чӣ бар дорад баҳор.
Захми гул умрест дар гирди нафас хобондаем,
Дар гиребоне, ки манн дорам, саҳа дорад баҳор.
Кӯнадараси фитратем, эй огаҳи сармоягон,
Чанд бояд буд мағрури тароватҳойи вахм,
Шабнамистон аст, Бедил, чашми тар дорад баҳор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед