Бахори точикон

Омад баҳору нашъунамои замона ку?
Дар шохи гул ривоҷ ба булбул тарона ку?
Хум бедимоғу шиша тиҳӣ, сарнугун кадаҳ,
Бо сокинони майкада асбоби хона ку?
Аз фоқа булбулон ба гулистон гудохтанд,
Эй боғбон, ба мурғи чаман обу дона ку?
Сарв аз ҳуҷуми зоғу заған гашт поймол,
Эй қумрии ғариб, туро ошёна ку?..
Бар хуни якдигар ҳамаи халқ ташнаанд,
Раҳме, ки буд дар дили аҳли замона ку?
Дилгармии самандару парвонаам намонд,
Бар шамъ саркашиву дар оташ забона ку?
Боди сабо зи турраи сунбул кашида даст,
Кокул баҷову бар кафи машшота шона ку?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед