БАҲОРИЯ

Чӣ аҷаб, боз зи нав борон аст
Ин ҳама луфти хушия Яздон аст.
Чӣ аҷаб, бӯи баҳорон ояд,
Аҳди паймонаву ҳам паймон аст.
Гули себаргаву қоқу лаби ҷӯ
Ба ҳамон лаҳҷаи худ хандон аст.
Наварӯсони чаманро гӯед,
Боз айёми ҳинобандон аст.
Эй хуш аз накҳати гулҳои баҳор
Масту вораста ҳама инсон аст.
Боғ аз нағмаи булбул гӯӣ,
Ғарқ шеъру ғазалу дастон аст.
Зи насими саҳари пурвайзаш
Навдаи бед бибин, ларзон, аст.
Чӣ лафит аст лаби дилдорон,
Дар лабоншон чу паи дандон аст.
Ҳама шабҳои баҳорон то субҳ
Лаззати бӯса дусад чандон аст.
Аз шукуфтан гули насрин ин ҷо
Ҷилваву нозкунон хандон аст.
Аз даму нам-нами борони баҳор
Тозаву тар чаману бустон аст.
Эй азизи дили Гӯё, шунавӣ,
Ҷигари мн барии ту бирён аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед