Баҳр

Ба сӯйи баҳр агар селоби ашкам раҳнамун афтад,

Ҳубобе гардаду гирдоб аз дарё бурун афтад.

Нашуд мақбул ширинкории Фарҳод Хусравро,

Ҳунар маъюб гардад ҳар киро толеъ забун афтад.

Дил аз доғи таманноят биёбонмарг хоҳад шуд,

Набинад рӯйи ободӣ ба саҳрое, ки хун афтад.

Ниҳад бар хок дунёдор паҳлу аз тиҳидастӣ.

Суроҳӣ чун зи май гардид ҳолӣ, сарнагун афтад.

Ду олам, Сайидо, имрӯз бошад каъбатайни ман,

Намедонам, ки аз дастам ба рӯйи тахта чун афтад?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед