Бахти сабзу руи сурху чашми сер
Зинда бош. эй чашмаи илҳоми ман,
Халқи ман. эй асли нангу номи ман.
Бахти сабзу руи сурху чашми сер,
Обрӯю иззату нкроми ман.
Ман ағар имрӯз мирам дар ғамат,
Гу ба фардо мебарӣ пайгоми ман.
Шодбахтам з-он ки бо шеъру суруд
Сарфи айёми ту шуд айёми ман.
Кай чунин мастӣ раво медоштам
Ту намебудӣ агар хамҷоми ман?
Дар дилам гар оташи меҳрат набуд,
Пухта кай мешуд каломи хоми ман?
Бахри хушкомии ту гуфтам сухан,
Бо сухан бардоштӣ то коми ман
Боз ҳам раҳни ғами ҷони ту бод
Ҷони ман. ин ҷони беороми ман.
Ин газал гуфтам, ки ёд орӣ ба меҳр
Дар ҳама оғозҳот анҷоми ман…
1982
Шарҳи худро нависед