Байтҳои тоҷикӣ

Соҳили навҷавонии умрам
Монда дар пушти хотироти туман,
Ташнакомии ишқи манн аз васл
Ҳамчу захми бадарди саҳни бадан.

Рӯз то рӯз мешавам наздик,
Сарҳисоби ҳаёти манн башумур.
Хори хушкам – фитода гулбаргаш,
Яъне дар асл меравам, ба зуҳур…

Насли гузарони ин ҷахони гузарон,
Фасли гузарони ин ҷахони гузарон,
Чӣ аз ту ба мерос тавонад бигирифт –
Бунёди ватан ва ё шикасти асри?!

Худро бишинос, ҳамчу миллат, баргӯй,
Қатъӣ суханат бизан, агар дорӣ рӯй!
Ё бахти худатро ба ду даст афшурда,
Худ рӯи хушат сияҳ кунӣ, эй бадхӯй?!

Фақат бо азми ту, эй одамизод,
Гаҳе дунёст вайрону гаҳ обод.
Шуда вайронаҳо бо хок яксон,
Вале меёбад онҳо аз дил имдод.

Тавон дар дӯсти ҳам дар шаҳомат,
Даҳоён гуфта ин панди каромат:
Касе кард ин хирадро поймолаш,
Расад қонунӣ одат дар заволаш.

Дӯстон дар соли шастам бемалол
Гӯр кардандам ба таърифу сифот.
Гул фишонданд аз сари мӯи сафед,
Тантана афрӯхт то субҳи нишот.

Ин ба меҳнат, хизмати халқам, ки буд.
Ин баҳое буд бар ҳаққи ҳалол.
Лек дил мегуфт орому хамӯш:
…Ин намуде аз видоъ, Ӯлмас Ҷамол.

Ҳамзамонон, бо шумо ҳайрон манам,
Чоряк мондем аз авлоди гузашт.
Хар чӣ монда чоряк ё нимае,
Рафта ободӣ ба барбоду шикаст…

Солҳо бишкаста мо ҳар буду ҳаст,
Солҳои беш бинҳуфтан зарур.
Холӣ аз виҷдон қазоват пеши мост,
«Ҳабси» рӯхи хешро гуфтан зарур.

Эй кафтари аз села ҷудо, медон.
Танҳоии ту чӣ оқибатҳо дорад?
Танҳоии ту ба коми бозат супурад,
Биспориши ту кулфати танҳо дорад.

Бар хеш ҳастам чун худ мухолиф
Монанди зоҳир ботин надонам.
Неку бадамро донам, валекин
Ман одами нав бадун натонам.

Он сон, ки ҳастам мемонам, аммо
Покӣ бимонад чун пешаи ман.
Зеро ба дунё ман омадам пок,
Бошад гуноҳе нопок рафтан.

Бас ҷабру ситам бувад ба як ҷон,
Бар як сари манн хазор дардест.
Худ сабр бидеҳ, худой, бар ман,
Ғамхор чу ту маро дигар нест.

Рафтанд зи давр дӯстонам,
Монданд зи хеш ғуссаву ғам.
Бе хамдаму ғамгусор мондам,
…Акнун ба кӣ дарди дил бигӯям?!

-Эй сел, зи чӣ хурӯшу авҷат?
Ораму қарор деҳ ба мавҷат.
— З –он рӯй манам ба азм ҷори,
То зуд расам ба рӯдборе.

— Эй обаки ҷуй, ҳастӣ бе авҷ,
Ором равонаӣ ту бе мавҷ.
— Аз рӯд ҷудо шудам, ҳазинам,
Бошад, ки варо дубора бинам.

Эй дил, марав ту аз ман,
Манмо маро мусофир.
Ман бе ту ҷисми беҷон,
Бар ҷар бало муҷовир.

Эй дил, марав ту танҳо,
Бояд шавем бо ҳам.
Рӯзе агар нагунҷем,
Ҳарду равем аз олам.

Эй шеъри манн, акнун баровардӣ забон,
Инқадрхо дер омадӣ дар саҳни кор?
Аз интизорӣ шоире гардиданам
Давру замон, халқам бишуд зору низор.

Дигар нафас андар макаш,
Сар деҳ бурун овози хеш.
Гард ил наёрад тоби ту,
Фурсат бичӯ, метоз пеш.

Сарфарозам, фуруд орам сар,
Чашми миннатпазир бар рӯят,
Гул ниҳам пояи муқаддаси ту,
Зарби дил шуд баробари дили ту.
Гули сурхам рамузи хуни ту аст,
Дили покам хати фусуни ту аст.
Валади бахт шуд табассуми ту,
Мавҷи аҳсант шуд таҷассуми ту –
Диданат омадам, наҷоти ман,
Боиси ҳастиам, ҳаёти ман!

Ҳар кассе чӯянда «ҳоким» баҳри хеш:
З –изни сарвар гар нашуд берун яке,
Дигаре қонун кунад ҳукми падар,
Шод аз устоди худ шогирдаке.

Амри нафсашро наорад ғар баҷо,
Хуфта натвонад ҷигархун гушначашм.
Умри ман имрӯз зоеъ рафтааст,
Кас натонистам фиребидан ба хашм.

Одамӣ ҳаст ин, ки ҷон дода хироҷ,
Дар амал болоравӣ моҳиртарин,
Одамӣ некӣ кунад мӯхтоҷро,
Дар ҳаловат ёфтан қодиртарин.

Бахри ман як хокими мутлак бувад,
Ӯ – чароғи равшанибахши раҳам:
Меравам мамнуни шаҳроҳи ҳаёт,
То ба инсонӣ наёрам доғи ғам.

Ба номи меҳр ганҷи бебаҳоест,
Сутунворона медорад ҷахонро.
Даҳое нобакоре нафрате ном
Заволашро нигаҳбон аст кайҳо.

Илоҳо, бандагони офаридат
Бибошанд аз мурувват марҳаматдор.
Чу ношоиста ин коре кунад он,
Ҷавону пири худ овез бар дор.

Мабод, аз ихтиёри нафрату хашм
Бигардад ваҳшӣ – ин зоти башар ном.
Ки он бечорагону оҳу зорӣ
Шавад олам ҷаҳаннам, тиратар шом!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед