Байни ду дил — байни ду сайёраи шӯру ҷунун

Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод,
Ёд бод, эҳсоси эъҷози муҳаббат ёд бод.
Байни ду дил — байни ду сайёраи шӯру ҷунун
Дар фазои шавқ парвози муҳаббат ёд бод.
Синаам чун кӯраи пуроташе дармегириф’»,
Он ҳама сӯзи дилу сози муҳаббат ёд бод.
Баҳри як нозаш намегунҷид ҷонам дар бадан,
Он ҷавониҳову он нози муҳаббат ёд бод.
Дар дилам сад баҳри тӯфонӣ ту гӯй, ҷой дошт,
Он талотумҳои ҷонбози муҳаббат ёд бод.
Гар ман имрӯзам зи маҷрӯҳони кпристони дард,
Бозувони қодирандози муҳаббат ёд бод.
Дар дилам имрӯз ғайри мупгги оҳу дард нест.
3-он диле. ки буд анбози мухаббат. ёд бод!
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед