БАЙТ

Вазид аз бўстон боди баҳорон,
Расид овози хуш аз обшорон,
Замини боғ шуд чун сабза дебо,
Чун бар сабза расида оби борон.
Хуш он кас к-ў дар ин фаслу дар ин аҳд,
Равад дар бўстон бо дўстдорон.
Кунад такрори дарси хеш аз саъй,
Ба пои сарву тарфи ҷўйборон.
Худовандо, илоҳо, кирдугоро!
Диҳи илму амал бо ҷумла ёрон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед