Балладаи ситораҳои Кремл

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он,
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам
Ин суруди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди беқарори Панҷ
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона,
лекин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро, нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намушавад бедор,
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
* * *
Қад-қади рӯди Панҷ мерафтем,
Ҳамраҳи мо таронаи Дарвоз.
Як шабу рӯз мо намехуфтем,
Роҳ кам монда буд то колхоз.
– Ана баъд аз ягон ду-се соат
Мо ба колхоз мерасем, онгаҳ
Менамоем як даме роҳат,
Рафта дар хонаи Сафар-ота.
Пири хуррамдил асту хушсӯҳбат,
Сӯҳбаташ хубу сар ба сар панд аст.
Менамоем мо варо ҳурмат,
Чунки ӯ одами хирадманд аст.
Менамоем ҳурматаш, танҳо –
З-он сабаб не, ки мӯсафед аст ӯ,
З-он сабаб ҳам, ки аз барои мо
Кулфату ранҷҳ кашидаст ӯ.
Шохалал низ мӯсафед, аммо
Нест лоиқ ба ҳурмати одам.
Зафари мо намудаст ӯро
Пири қоматхамида дар олам.
Ҷӯра, ҳайрон нашав, ки якбора
Агитатор барои ту гаштам,
Чун қадам мезанем бо як раҳ,
Рози дилро ба ту баён кардам.
Сафар-ота дигар кас аст, ассо.
Як шабе меҳмони ӯ будем,
Гуфт як достон барои мо
Ӯ ба васфи ситораҳои Кремл:
“Бишнавед эй азиз фарзандон,
Қиссаи тозае намоям сар,
Кҳна шуд васфи рустами Достон,
Кӯҳна шуд достони Искандар.
Рӯзгори наву накӯи мо
Қиссаҳои наве намуд эҷод.
Ман бигӯям яке аз онҳоро,
Бишнаведу кунедаш ӯро ёд.
…Буд рӯзе, ки Ленини аъзам
Гашт бемор…
Ин хабар чун барқ
Паҳн гардид дар ҳама олам,
Дар ҷанубу шимолу ғарбу шарқ.
Шод гардид золими муртад,
Камбағал шуд аз ин хабар ғамгин.
Рӯзу шаб тӯда-тӯда меомад
Халқи мискин ба дидани Ленин.
Ҳар яки мо ҳаёти Ленинро
Мешумурдем чун ҳаёти худ.
Дар ҳамин байн се нафар рӯзе,
Ки якаш буд аз ҳамин деҳа,
Рафта ҳар се ба хонаи Ленин,
Медароянд, изн пурсида.
Ленини меҳрубон дар он соат
Бениҳоят касал будаст, аммо
Баски мекард халқро ҳурмат,
Бо касал буданаш накарда нигоҳ.
Чун саломат зи ҷой барҷаста ,
Дасташонро фушурда, мисли падар,
Боз дар ҷои хеш биншаста,
Менамояд муроҷиат раҳбар,
– Дӯстонам, ба душманони халқ
Зарбаи сахт додаед оё?
Думравони амирро дар Шарқ
Ба ҷазошон расондаед оё?
Ба вакиле, ки аздиёри мо
Рафта буд меҳрубон Ленин гуфтаст:
– Байрақи сурхи халқии худро
Надиҳед, эй бародарон, аз даст.
Бар сари кӯҳҳои қуласафед
Бигузоред, ҷилвагар бошад,
Бар сари халқ беҳтар аз хуршед
Нуриозодию шараф пошад.
Медиҳад ӯ саволҳо:
– Гӯед,
Дустони азиз дар раҳи худ
Бар чӣ чизе дучор гардидед,
К-ӯ халал дар раҳи шумоён буд?
Медиҳад як нафар ҷавоб:
– Устод,
Ҳар чӣ дар раҳ, ки шуд дучори мо,
Номи неки туро намуда ёд,
Карда будем бартараф онро.
Як – дуборӣ дар ин сафар аммо
Шуд қариб ин, ки дар даруни шаб
Гум намоем мо раҳи худро
Чунки дар осмон набуд кавкаб !
Кавкаби қутбу корвон кавкаб
Байни абри сиёҳ пинҳон буданд.
Ин ду кавкаб ба раҳгузар дар шаб
“Раҳшинос!” – аз қадим мегӯянд.
Шуд ба Ленин писанд ин гуфтор,
Ҷаста аз ҷои хештанро дарҳол,
Мезанад ҳар тараф қадам бисёр,
Мешавад ғарқи баҳри фикру хаёл.
Баъди фикру хаёли бисёре,
Менамояд сухан, ки:
– Бар инсон
Кавкаби қутб раҳнамо, лекин
На ҳама вақт ӯ бувад рахшон.
Дар раҳи мо ситорае бошад,
Ки ҳамеша ба роҳи халқи мо
Нури озодию шараф пошад.
Менамоем ихтироъ онро…
Баҳри моён ситорае лозим,
Ки бубинад кӯр чашми бадбинро,
Аз чӣ сон гавҳаре варо созем,
Ки бувад сахт чун иродаи мо?
Ҳам нишот ӯ диҳад ба мазлумон
Роҳи озодию саодатро?
Ҳам дурахшандатар намояд он
Пеши чашми ҷаҳон ҳақиқатро?
Ҳама мабҳут, Ленини раҳбар,
Менамояд сухан зи нав:
– Ёрон,
Ба гумонам, ки инчунин гавҳар
Ҳастдар мулки хуррами моён.
Шаъну шӯҳрат ба халқи мо бодо!
Дар раҳи фатҳи беназири Ватан
Арақи хуни бебаҳояшро
Халқ резонда буд.
Ба фикри ман
Панҷгӯша ситори худро
Аз ҳамон гавҳаре кунем эҷод,
Ки чакидаст бар сараш бисёр
Арақу хуни болшевик-авлод.
Арақу хуни поки халқи мо
Дар ҷаҳон аст беҳтарин гавҳар.
Менамояд ситораи моро
Меҳри халқи Ватан дурахшонтар.
Мешавад ҷисму ҷону қувваи ӯ
Дӯстии бузурги халқи мо
Аз Кремли бузург шӯълаи ӯ
Мешавад паҳн дар ҳама дунё.
Бигузор ин, ки аз Кремли азиз
Нур пошад ба фарқи ин кишвар,
Раҳи моро ба сӯи коммунизм
Бикунад боз ҳам дурахшонтар…
Партия гуфтаҳои Ленинро
Кард мардона як ба як иҷро.
Беҳ зи хуршеди оламафрӯзанд
Панҷгӯша ситораҳои мо.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед