Бар ғуссаи зиндагон биё
Имрӯз ба мисли меҳмон зуд бирафт,
Аз умри абад даре набикшуд, бирафт.
Дар коми уфуқ бирафт хуршед фурӯ,
Ин оташи пуршарор чун дуд бирафт.
Куҳҳо ба мисоли одамони боор
Дар посгаҳи замин ҳамеша бедор.
Гарданшаху соби гқадаму сар ба фалак,
Гӯӣ ки ситодаанд андар таҳи дор…
Эй дӯст, гапу чапу бастаи дарди худем,
3-омад-шудани ҳамдигар огаҳ нашудем.
Ҳамсоядили куҷову ҳамсоядарӣ?
Ҳамсоя будему лек бесоя будем.
Ин субҳи баҳор чун дили болида,
Хуршед ба мисли чеҳраи хандида.
Ҳар сабза — хати сабзи ҷавони ошиқ,
Ҳар ғунча — лаби ҳанӯз нобӯсида.
Эй чашма, ту аз дили замин меоӣ,
Бар ҳоҷати ташнагон яқин меоӣ.
Ин сон ки туӣ чу ашки мо полуда,
Ё аз дили марди раҳмгин меоӣ?
Фархунда касе, ки ёр бо ёр шавад,
Аз хоби саҳар ба бӯса бедор шавад.
Овезад агар, ба зулфи ёр овезад,
Гар ҳалқаи зулф ҳалқаи дор шавад.
Ин одамиён агарчи аз ҳам дуранд,
Дар расму адаб ба ҳамдигар ноҷӯранд,
Ноне бихуранд ҷумла аз як гандум,
Сармаст ҳама зи оби як ангуранд.
Ман кӯи муроди ҷумла рахдуронам.
Дар кӯрараҳон асокаши кӯронам.
Ҳар гоҳ ба хок мурдае биспоранд,
Ман дар дили хештан варо гӯронам.
Уммеди беҳӣ зи умр дорам ҳама умр,
Ман ҳосили неку бад шуморам ҳама умр.
Дар роҳи арӯси орзу чун домод
Гулдаста ба даст интизорам ҳама умр.
Бар пирии навҷавон биё, гиря кунем,
Бар кӯрии ошиқон биё, гиря кунем.
Бар мотами мурдагон чӣ суд аз гиря?
Бар ғуссаи зиндагон биё, гиря кунем.
Дарё, дарё! Чу ман шитобон дарё,
Ҳамчун дили ман ҷамъу парешон дарё.
Чун ошиқи гапношунави савдоӣ
Аз хонаи хештан гурезон дарё…