Барги
Барги каҳе зи хирмани дунё набурдаам,
На хӯрдаву на бурдаву бо дарди гурдаам.
Умраш дароз бод, ки дар пои зиндагӣ
Гаҳ ҷон фишондааму гаҳе сар супурдаам.
Аммо чи ҷои шиква, ки бо ин фасурдаҷон
Дил бастаам нахуст, сипас дил фасурдаам.
Сарбори зиндагӣ ҳама бар дӯши ман, вале
Ӯ сарфарозу ман таҳи сарбор мурдаам.
То дигарон ба хилвати худ пул шумурдаанд,
Ман, содагӣ бубин, тапиши дил шумурдаам.
Ҷоме набурда сӯи лаб, ҷонам ба лаб расид,
Ноне нахӯрда ҳосидон карданд хурдаам.
Аз нақдҳои зиндагӣ дар рӯзи алвидоъ
Хокам гувоҳ, ҷуз кафи хоке набурдаам.
Бар мурдаи ҷаҳони хароби харобкор
Афсӯс мехурам, ғами беҳуда хурдаам…
22.4.1983
Шарҳи худро нависед